БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад

БАЛҶУВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ” вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Хониши сиёсиро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия   Мирзозода Исуф кушода, иброз дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Паёмҳои қаблӣ фарогири тамоми  паҳлуҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум равона гардидааст.Сарвари давлат дар Паёми имсола  оид ба баъзеи камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегардад, паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон бо муроҷиаткунандагон изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа бояд бартараф карда шаванд.

Инчунин, дар ин раванд дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари  гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани савияи дониши  кормандони соҳаи тандурустӣ,  бештар  ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни сокинон  оид ба пешгирии  бемориҳои сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим андешаронӣ карда шудаву  аз ҳамагон давъат ба амал оварда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg