БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзиат сарсабзии мост, эй Ватан

Ш.ШОҲИН.Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар деҳаи Раҳмсонобод баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи деҳа  ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои пурифтихори давлату  миллат,  Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободониву хуррамгардонӣ  бо ҷалби сокинон баргузор гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар боғчаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27, ки   муассисаи таълимӣ дар ҳудуди деҳа ҷойгир аст,  ниҳолҳои сояафкану мевадиҳандаро шинонида,  гирду атрофи онро аз партовҳо тоза намуданд.

Аз иқдоми пешгирифтаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия сокинони деҳаи Раҳмонобод  изҳори  миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки дар партави Аксияи мазкур  дар оянда низ корҳои ободониву кабудизоркуниро идома хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg