БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимати мо ба коррупсия аҳамияти калон дорад!

БОХТАР. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноку номатлуби ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Вобаста ба ин мавзӯъ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии худро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” гузарониданд.20180213_140417.jpg

Ализода Одил мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромади худ ёдовар шуд, ки коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон заминаи фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Аз ин рӯ, аз ҳар яки шумо даъват ба амал меоварам, ки ба ҳолати коррупсионӣ дучор шудан ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кунед ва саҳми худро дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия гузоред.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg