БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Ватан

А.ҶОМӢ.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иқбол»-и назди Тоҷиксодиртбонки ноҳия мулоқот баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баъд аз анҷоми баргузории мулоқот  дар ташкилоти  ибтидоии мазкур корҳои нармкунии замин ва бехи дарахтон, шинонидани гулҳои ороишӣ  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg