
ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Фароғатгоҳи дӯстӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал суханрони намуд.
Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Фароғатгоҳи дӯстӣ» дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бехи дарахтон ва гулҳои «Фароғатгоҳи дӯстӣ»-ро нарм намуданд.
Муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Фароғатгоҳи дӯстӣ» Носиров Қосимбег иттилоъ доданд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтанӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди боғи «Фароғатгоҳи дӯстӣ» зиёда аз 350 бех гулҳои садбар ва дигар намуди гулу гулбутаҳоро алакай шинонидаанд ва ин раванди кор идома дорад.