БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён корҳои ободониро вусъат бахшида истодаанд

Н.ХУСРАВ.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Носири Хусрав  дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ  дар  мавзӯъи «Ҳизбиён корҳои ободониро вусъат бахшида истодаанд» баргузор гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ба аъзои ташкилоти ибтидоии хоҷагию манзилию коммуналии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси Олии кишварро дар  доираи   Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани  30- солагии Истиқлолияти давлатиро ҳаматарафа фаҳмонида дода,  таъкид намуданд, ки амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вазифаи ҳар  як  фарди ватандӯст,  аз  ҷумла аъзои ҳизб ба  шумор рафта,  ҷиҳати боз ҳам  ободу  зебо ва пешрафта шудани  Ватан ҳиссаи сазовори худро бомасъулияти  баланд  ба  роҳ мондан аст. 

Дар  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ташаббуси аъзои ташкилоти ибтидоӣ  замини даромадгоҳи ноҳия   тахту  ҳамвор карда шуда, дарахтони ҳамешабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg