БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар сарсабзии кишвари худ якҷоя саҳм мегузорем

ВОСЕЪ.Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар ташкилоти ибтидоии «Восеъободи хурд»-и ҷамоати  деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  вохȳрӣ баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ Ситамова Роҳила оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҷамъомадагон суҳбат намуда,  қайд кард, ки мо ҳар амали некеро, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худу фарзандон, наслҳои оянда Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигаре обод намекунад.

Дар охири вохȳрӣ барои ободу зебо гардидани ташкилоти ибтидоии номбурда бо ташаббуси  фаъолони ҳизб 30 бех дарахти  ҳамешасабз шинонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg