БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баҳри зиндагии арзандаи халқ талош меварзем!

ПАНҶ. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиён фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бешари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл буда,  вобаста ба ин  масъала дар маҳаллаи Шакардашти ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохўрӣ доир гардид.

Дар он Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилотт ва матбуот ва Солиҳов Фирдавс – мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матубот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Ғафуров Сайдамир зимни суханронӣ кайд намуд, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин иқдом боиси ҷалб гардидани  шаҳрвандон ба соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ шуда,   ба ин восита сокинон ба шуғл фаро гирифта шуда, шиддати бекорӣ паст мегардад.

Дар идома Солиҳов Фирдавс оид ба суханронии Пешвои миллат дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ иброзӣ андеша намуда, қайд намуд, ки садоқати ҳизб ва ҷонибдорони сершумори он кафолат медиҳанд, ки мо барои татбиқи пурраи  ҳадафҳои стратегии миллиамон – барои расидан ба ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ аҳлона ва бо азми қатъӣ ба пеш ҳаракат кунем.

Баъдан бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста  ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии Шакардашт ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, 3 килломерт роҳҳои дохили маҳалларо сангфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg