
КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Кушониён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ ташкил карда шуд.
Иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ роҳи деҳаи номбурдаро пурра бо тариқи ҳашар сангфарш намуда, ният доранд, ки симчӯбҳои барқии фарсудаи деҳаро иваз карда, фурӯзонакҳои каммасрафро насб намуданд.
Ташаббуси неки ҳизбиён дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони сокинон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодаанд.