БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баҳри зиндагии арзандаи худ содиқона меҳнат мекунем!

ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шӯро»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Аксияи ҳизбӣ бо ибтикори  раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Қурбонгул Маҳрамова  ва сокинони деҳот  роҳандозӣ карда шуда,  дар он зиёда 60 нафар ба кандану тоза намудани ҷӯйбори калони обгузари байни деҳа машӻул шуданд.

Қабл аз баргузории Аксия масъулин бо   сокинон вохӯрӣ доир  карда, оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ободиву  шукуфоии  Ватан андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар Аксияи ҳизбӣ вакили маҳаллӣ Маҳмадалиева Садафмоҳ ва эмомхатиби  масҷиди панҷвақта иштирок дошта, сокинонро ба корҳои  ободониву созандагӣ ҳидоят карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg