БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи тарғиботи - амалии ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" бо маром идома дорад!

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи»-и ноҳия дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ»-и ноҳия Саидов Ҳомидҷон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзоёни  фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода ба саҳмгузорони ин чорабинии  ҳизбӣ минатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки Аксияи тарғиботии – амалии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии болозикр ба 18 нафар кӯдакони ятимони кул маводи хониш тақдим карда шуд, ҳамчунин дар доираи ин чорабинии ҳизбӣ насби дару тирезаҳои нав дар ташкилот, нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани гулу гулбeтаҳо ва дарахтони ҳамешасабз роҳандози карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg