БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Балҷувон: маконе бо ёдгориҳои нодир ва табиати дилпазир

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавӣ ва обу ҳавои тозаи он Балҷувонро ба макони сайёҳӣ табдил додааст. Рушди соҳаи сайёҳӣ замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия фароҳам оварда метавонад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Ноҳияи Балҷувон табиати басо зебою нотакрор ва мавзеҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахшаш дорад, ки метавонанд барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия истифода шаванд.  Бахусус инкишофи соҳаи сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, саёдӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо  барои ноҳия хос мебошанд. Барои сайёҳии экологӣ – фарҳангӣ хатсайрҳои аз 2 то 10 рӯза муайян шудааст.   

Дар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷудаст, ки онро 190 чашма, рудҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Руи об, дарёхои Сурхоб Тира,Оби-Мазор,Талхак, Шаршараи Пушти Боғ,Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов,Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Қалъанқ, Чашмаи Булғурӣ, Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук,Ч ашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимчуссаи Шинг (дехаи Шингидара),Чувоз Чинор (дехаи Даштархо) ва ғайраҳо мебошанд. Дар базаи ин таъсис додани сайёҳӣ дар асоси иштироки ҷомеа хело муфид аст. Дар ин ҷо назорати асоси ба дӯши ҷомеаи маҳаллӣ таалуқ дошта, барои рушд ва идоракунии он, худи онҳо ҷалб карда шуда, қисми зиёди даромад бошад дар дохили худи ҷомеа нигоҳ дошта мешавад.

Барои рушди мибаъдаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шӯъбаи сайёҳӣ, Маркази сайёҳӣ, алпинизм ва шикори хориҷӣ "Сари Хосор",  Муассисаи давлатии "Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён" ва Намояндагии туристии нохияи Балчувон дар шахри Душанбе таъсис дода шудааст.

Воқеъан ҳам ноҳияи Балҷувон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули саёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи сайёҳии ноҳия самти афзалиятноки маҳсуб мешавад. Ҷиҳати рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус аз 3 июли соли 2002 таҳти № 276 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтакаи сайёҳии байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» қабул гардидааст. Барномаи мазкур стратегия, самтҳои асосӣ, афзалятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатро роҷеъ ба сайёҳӣ дар сатҳи минтақавӣ дар давраи дарозмӯҳлат муайян менамояд.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб ёфта, давлатҳои мутараққӣ аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд. Ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Масалан агар солҳои охирро ҷиҳати натиҷабардорӣ қарор диҳем, шумораи сайёҳони хориҷӣ нисбати солҳои пешин якчанд маротиба афзудааст ва ин нишондод раванди афзоиш дорад. Соли 2007 ба ноҳияи Балҷувон аз давлатҳои Олмон, Австрия, Россия ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба миқдори беш аз 13 нафар ва дар соли 2008 низ наздик ба ҳамин миқдор яъне беш аз 21 нафар дохил шудаанд, ки  шумораи сайёҳони воридшуда нисбати солҳои 2005-2006 8 нафар зиёд мебошад.

Ноҳия дорои мавзеъҳои туристӣ буда, рушди соҳаи сайёҳӣро тақозо менамояд. Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир мутаалиқ ба (асрҳои XVI-XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII-XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII-XIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Ҷавгони, қалъаи Додӣ, бошишгохои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон  Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон мебошанд. 

Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ). Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳураст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ бинни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои муқаддаси руҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи валодати ӯро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд.  

Дар аксари манбаҳо омадааст, ки алломаи улуми "Қуръонӣ" ва пешвои ҷамоаи бонуфӯз 103-сол умр дида, соли 1431-и мелодӣ аз олам даргузаштаст. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 бо дастгирии  ширкати "Самар"ва мусоидати мардони саховатманд аз сари нав пурра таъмиру тармим гардид.  

Ғуломов Асомуддин,  мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg