БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуданд

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар деҳаи Рафоқати ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ аз аз ҷониби  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шаропов Ҳомидҷон иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, террористӣ ва  экстремистӣ, ки дар ҷомеаи имрӯза  ҳамчун омили хатарнок ба ҳаёти инсон мебошад, ҳарф зада, сокинонро ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бар зидди амалҳои муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ даъват намуд.

Дар охир сокинони деҳа  андешарониҳои судманди мавсуфро якдилона дастгирӣ намуда,  амалҳои зишту  нобахшидании гурӯҳҳои ифротиро маҳкум карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg