БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ташаббускори корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия» дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва аъзоёни  фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии ҳизби Муҳамадҷон Зайдуллоев ба сухан баромада оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуд.

Дар фарҷоми чорабини Муҳамадҷон Зайдуллоев қайд доштанд, ки ба таъкиди Раиси муазами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло бурдани обру ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум бояд расидагӣ кунад. Бинобар ин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарураст, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро дар байни аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб бештар ба роҳ монанд.

Дар радифи ин  гуфтаҳо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия» нақша доранд, ки дар доираи амалии қисмати Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» 18 нафар ятимони кули ноҳияро дастгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg