БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ҲХДТ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми назаррас доранд

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Норин” мулоқотоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои ифротӣ, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа давоми 25 соли фаъолият ба дастовардҳои беназир ноил гардида, эътимоди халқро сазовор шудааст. “Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургеро мемонад, ки ҳар як аъзои ин ҳизби мардумӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои олии зиндагӣ - Истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ, инчунин пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми назаррас доранд”.

Дар ҷараёни мулоқот аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроия маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба аъзоёни ташкилот дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg