БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили афзудани ҷойҳои нави корӣ

КӮЛОБ. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “У. Хайём” намоиши дастовардҳои хонандагон, ки аз зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакан, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, шерозбофӣ, ҷӯроббофӣ, гаҳворасозӣ, бӯрёбофӣ, сабадбофӣ, тарзи тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва расму ойинҳои халқӣ, ки дар миёни мардум маъмул буда, ки сокинон маҳз тавассути ин ҳунарҳо зиндагии худро пеш мебурданд, намоиш дода шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. IMG_20180210_102507.jpg

Саъбагул Валиева оид ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд кард, ки омӯхтани ҳунар, шиносоӣ бо ҳунарҳои гуногуни бадеии халқ, таърихи ҳунар ва ҳунармандӣ дар рӯҳияи тарбияи меҳнатӣ, ахлоқӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон нақши созгор дорад.

Ташкили чунин чорабиниҳо ва иштироки наврасону ҷавонон дар чорабиниҳои бонуфӯзи фарҳангӣ шавқу ҳаваси онҳоро зиёд намуда, сайқалдиҳии маҳораташонро афзун карда, боиси касбомӯзӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg