БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан

ВОСЕЪ.Бахшида ба 26-умин солгарди Қувваӽои Мусаллаӽи Ҷумӽурии Тоҷикистон дар толори қисми низомии ноӽияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия Сафарова Ӽафиза, раиси Шӯрои собиқадорони  ҷангу меҳнат Сафаров Қурбон ва ҷанговарони башардȳсти ноӽия вохȳрӣ баргузор гардид.

Ӽамзамон,  Сафарова Ӽафиза иброз намуд, ки аз таъсиси Артиши миллӣ 26 сол пур мешавад,  Қувваӽои Мусаллаӽи Ҷумӽурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиӽоди Шӯравӣ кишварӽои навтаъсис, алалхусус давлатӽои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ӽарбидошта, Артиши миллӣ  хешро бунёд намуданд.

Зимнан Сафаров Қурбон қайд кард, ки 23-феврал Рȳзи Қувваӽои Мусаллаӽи Ҷумӽурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рȳзи муӽим ӽамаи ӽамдиёрон, дȳстону бародарон ва ӽамватанони гиромиқадрро табрику таӽниятӽо менамоем. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солӽои душвори фоҷеабори ҷанги шаӽрвандӣ якҷо бо мақомоти ӽифзи ӽуқуқ ва дигар сохторӽои низомии кишвар дар ӽифзи Истиқлолияти давлатӣ, ӽимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯӽӽои террористиву экстремистӣ, дастаӽои мусаллаӽи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошубӽои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саӽми сазовору ҷавонмардона гузошт.
Дар охир ба иштирокчиён нашри махсуси «Ӽамрози халқ» дастрас гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg