БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан аз ҳар яки мо вобаста аст!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагам тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба масъалаҳои болозикр  суханронӣ  намуд.        

Баъдан Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ  намуда, ҳамагонро  барои дар амал татбиқнамудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg