
ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхона" мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот мавсуф қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеава рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.
Дар ин раванд ҳама аъзои ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо масъулияти баланди ҳизбӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва таъмини фазои солими иттилоотӣ пайваста бо мардум бошанду нерӯи созандаро дар замири мардум бедор созанд, афкори сиёсии ҷомеаро шакл дода, миллати созандаву офаранда созанд, зеро ки тақозои замон мебошад.
Бояд ҳар як сокини мамлакат дарк намояд, ки давлатдорӣ кардан - ин мубориза кардан аст.
Баъди анҷоми мулоқот, масъулин аз Осорхонаи кишваршиносию таърихии ноҳия дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихие, ки дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд, шинос шуданд.