БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Паём-омили баланд гардидани некӯаҳволии мардум

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар ноҳияи Кушониён дар Маркази саломатии деҳаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо фаъолон, аъзо  ва ҷонибдорони ҲХДТ  мулоқот доир намуданд, ки дар он муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъулин зимни суханронӣ  таъкид доштанд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати созанда мардуми кишварро ба фардои ободу дурахшон раҳнамун месозад. Паёми Пешвои миллат ба зиндагии шоистаи сокинон нигаронида шуда, татбиқи босамари он некӯаҳволии мардумро таъмин менамояд.

Паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат таҳлили рушди иқтисодӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мулоқот мавриди шарҳу тафсир қарор дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроия маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба фаъолон, аъзоён  ва ҷонибдорони    ҲХДТ  дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg