БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар рӯҳбаланданд!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳил»-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Содиқова Меҳрубон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба масъалаҳои зикршуда ва бодарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад, гуфт дар Паёмашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат.

Дар қисмати иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони маҳалла ба як нафар оилаи ниёзманд маводи хӯрока кӯмак карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg