БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ оилаҳои ниёзманд кӯмак карда мешаванд!

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и ноҳия дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад ва аъзоёни  фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинии ҳизби Асалмамад Бекмамадов вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда муфасал суханрони намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки рушду пойдории истиқлолияти комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад. Ин омил дар замони ҳозира муҳимияти махсус касб намудааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба тарғиби истиқлолият, соҳибватанӣ ва озодӣ омили меҳварӣ дар роҳи ташаккул ва рушди мафкураи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҷомеа буда, имконият медиҳад, то дар шинохти ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди мамлакат комёб гардад.

Дар рафти амали кардани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и ноҳия иштирок доштанд. Дар рафти амалии қисмати Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз"-и ноҳия гузаронида шуд, ба як зани эҳтиёҷанд, ки соҳиб 6 фарзанд мебошад кӯмакҳои моддӣ аз онҷумла, ба фарзандонаш либоси зимистона ва ба оилаашон бошад маводи хурокворӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg