БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Кангурт” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок дошта, доир ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони   “Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Одинаев  Шодихон   кормандон ба ҳашари дастаҷамъона баромада,   дар назди бино корҳои сабзу хуррамгардониро анҷом дода, 30 бех ниҳоли  ҳамешасабзи  арча  шинониданд.

   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg