ПАНҶ. Ҷиҳати баррасӣ намудани ҳадафи чоруми Сарвари давлат- саноатикунонии иқтисодиёт, ки дар Паёмашон пешниҳод намуданд бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҶСК «Сарой-Камар»-и назди заводи пахтатозакунии ноҳия мулоқот бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор шуд.
Сараввал Ҳошимов Тоҳир мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳия кайд намуд, ки саноатикунонӣ худ омили асосии пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба шумор рафта, барои расидан ба дигар ҳадафҳои иҷтимоӣ заминаи устувор муҳаё месозад. Ҳадафи ин иқдоми муҳим Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додан аст, чунки саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорад.
Аз ин бар меояд, ки аъзои ҳизб ва ҷонибдорони сершумори он содиқона дар татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии икшварамон аҳлона ва бо азми қавӣ ба пеш ҳаракат намоянд.
Дар идома Ғафуров Сайдамир мудири шуъбаи табиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрванди, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон соли 2019 эълон гардид ибрози андеша намуд.
Баъди анҷоми сўҳбату вохӯрӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Сарой-Камар» дастҷаъмона дар ду тарафи кӯчаи назди корхона 75 дона ниҳолҳои ороишии арча шинонданд.