БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст...

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Ё. Содиқов бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Содиқов” Масаидов Рустам иштирок  намуданд.

Зимни вохӯрӣ Фирӯзи Саидмӯъмин ёдовар шуд, ки аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки дар Паём зикраш рафт ин масъалаи обу экология буд. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки: “Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд”. Ҳамзамон, Пешвои миллат вобаста ба тағйироти глобалии иқлим, ба вазъи ташвишовари экологӣ гирифтор шудани минтақаҳои алоҳида ва омодагии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа ба оби нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза изҳори назар карданд.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмиллалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мунтазам тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоянд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои дар Паём баррасигардида мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg