БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва идомадиҳандаи амалҳои созандагӣ

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар толори варзишии Муассисаи таълимии № 4-и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода ширкат варзида, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд. DSC02467.JPG

Зимни баргузории вохӯрӣ аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар баромади худ қайд карданд, ки мо ҷавононро месазад бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, шукри ҳар порча замину ҳар қатра оби поку мусаффои Ватанро кунем ва дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан ифтихори ҳар як ҷавони хушбахт аст.

Аз ин рӯ, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаҳои ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси миллат мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg