ҚУБОДИЁН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармон” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, афзуд, ки Паём ҳамчун дастурамали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ буда, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори сокинони кишвар равона карда шудааст.