ДӮСТӢ. Вобаста ба иӌрои ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иӌроияи ХДДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Тоӌикобод»-и ӌамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов бо сокинони деҳот вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Идиев Саломатшо ва эмомхатиби масӌиди панвақта иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин ҳамагонро баҳри иҷрои корҳои ободониву созандагӣ сафарбар намуда, зикр карданд, ки хароӌотҳои исрофшавандаи тӯюу маъракаҳоро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, он маблағҳоро дар таъмиру сангфарш кардани роҳҳои байни деҳа сарф намоянд.
Инчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, сатҳи рӯзгорашонро аз ин ҳисоб баланд бардоранд.
Дар охир Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якӌоя ҳал мекунем!» дар ҳудуди деҳа баргузор гардида, корҳои ободонӣ бо дастгирии сокинон анҷом дода шуд.