БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти дармондагонро гирифтан масъулияти ҳар як инсони бошараф аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қаҳрамон”-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Содиқова Меҳрубон вобаста ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мебошад.

Фаъолони ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбӣ ба як нафар маъюби гурӯҳи 1-ум маводи хӯрока кӯмак карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg