
ВОКУНИШ. Паймоншиканӣ ва ё паймонбардорӣ: Ҳар ду ин калимаҳо имрӯзҳо дар зеҳну шуури мардуми Тоҷикистон ва он шахсоне, ки дар гуфтушуниди мустақим бо (ҷаноби) Кабирӣ ҳузур доштанд, садҳо маротиба давр мезанаду ҷавоб мехоҳад. Аминам, ки ҷавоби кулли мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ якест, ин ҳам бошад паймонбардорӣ ва хиёнат ба ин миллат ва ин сарзамин, ки номаш Тоҷикистон аст. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки худи Кабирӣ ва ҳаммаслакони Тоҷикистониаш аз таъсиси чунин паймон ва баргузории чунин нишастҳову вохӯриҳо ҳазорон маротиба безоранд. Аммо чора чист, бояд ба ивази порраҳои гирифта, маблағҳои хӯрда ва қарзҳои бетамомашон коре карда бошанд, то сар дар болои гардан монад. Инхо ҷойи ягон шубҳа ва ё нигаронӣ нест. Шахси оқилу зирак бараъло эҳсос мекунад, ки чаро Кабирии муфтхӯр бо баргузории ин ё он Анҷуману нишастҳо баъзан сару садо баланд мекунаду боз чанде хомӯш мемонад. Аллбата ин ҳама супоришу нақшаҳои разилонаи хоҷагони хориҷиаш мебошад ва Кабирӣ мисли ангушти шашуми хоҷагон аст, ки дар вақтҳои зарурат ба кор бурда мешавад. Имрӯз ақлу таффакури Кабирӣ дар баргузории чунин чорабиниҳои иғвоангез аслан намерасад, ё танҳо як ҳадаф дорад, танҳо фирор намудан аз одаму олам, аз худу аз зиндагии дурӯғ, ки ин фурсатро то охири умр пайдо нахоҳад кард.
Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон. Таваҷҷуҳ намоед, ки зери ин мафҳум ҳазорон маънӣ, ҳазорон мафҳуми фалсафавӣ нуҳуфта аст. Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон баъди се соли расман қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзат рӯйи кор омада, дар заминаи он фаъолияти наҳзат аз нав босозӣ гардидааст. Ба гуфтаи Кабирӣ наҳзатиҳо тайи ин се сол тавонистаанд, ки ба бештари саволҳои худ ҷавоб пайдо намояд, ки онҳо ки ҳастанду дар чи шароит қарор доранду рақибашон кисту тарафи дигарашон дар кадом ҳолат қарор дорад ва дар ин шароити ҷадид чигуна мубориза бояд бурд. Инҷо суол ба миён меояд, ки агар Кабирӣ ва ҳамдастонаш дар воқеъ пешравии Тоҷикистон ва сарбаландиву амну осоиштагии миллати тоҷикро бихоҳанд, киро рақиби худ мехоҳанду барои кадом мубориза омодагӣ мебинанд ва мубориза бар зидди кӣ? Кабирӣ метавонад зери ниқоби ин маҳфум, яъне Паймону аҳднома боз ҳазорон ҷавонони гумроҳ ва муҳимаш садҳо нафар роҳгумзадагони тоҷикро, ки берун аз марзи кишвар зиндагӣ мекунанд ба доми ин Паймон кашида, ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳои сохтакорӣ бозсозӣ намуда, бар зидди миллати тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон равона месозанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бо ҳидояту дастурҳои хоҷагони Эронӣ дар давраҳои пеш аз Истиқлолият таъсис дода шуда буд, сабабгори даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад. Маҳз аввал Саид Абдуллои Нурӣ ва баъдан Муҳиддини Кабирӣ тавонистанд, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар баланд сохтанду Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта намуданд. Бо ташаббуси ин ду хоини миллат ва ҳаммаслаконашон ҳазорон модари тоҷик дарди бефарзандӣ, ҳазорон зан азоби бешавҳарӣ ва ҳазорон тифл ранҷи бепадариро таҳаммул намуданд. Ҳазорон нафар мардуми Тоҷикистон дар давлатҳои бегона овораву сарсон дарду ранҷи ғарибиро кашиданд.
Ҷойи нигаронии дигар дар он аст, ки Кабирӣ ҷойе ишора намудааст, ки вақти он расидааст, ки бо мардуми азизи худ дар тамос бошему ҳарфи мардумро бишнавем. Хандааовар аст, ки Кабирӣ барои ин мардум чӣ кор карда метавонад, дар ҳоле ки худ мисли як муш дар ҳар сурохӣ пинҳон шуда мегардад ва ё метавонад, ки ба ҷуз шурӯ ғавғо кореро ба сомон расонад. Имрӯз Кабирии муттаҳам аз дур истода танҳо тавассути шабакаҳои худсози иҷтимоӣ фикру аrидаи мардуми кишварро иваз намудан мехоҳад, ки ин ақида номумкин аст. Зеро ин мардум дигар мардуми солҳои навадуми асри гузашта нест, хушбахтона имрӯз миллати тоҷик, тоҷикони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дарк намудаанд, ки амну осоиштагии онҳо ва хонаводаашон танҳо зери сояи Пешвои миллати Тоҷикистон, Пешвои сулҳпарвару созандаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷанги оuознамудаи Саид Абдуллои Нурӣ ва Кабирӣ анҷом бахшид ва сулҳу суботро дар Тоҷикистон ҷовидона сохт ва имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти миллӣ умр ба сар мебаранд.
Новобаста аз сафсатаҳои Кабирӣ боз ҳам аминам, ки мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ симои Кабирӣ ва ҳамдастону хоҷагонашро мешиносанду рафтору кирдори хешро дар мизони андешаҳо бар кашида, аз рӯйи ақлу хиради хеш амал менамоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки бештари он шахсоне, ки тавассути занги телефонӣ, сомонаҳои интернетӣ ва ё аз наздик, ки ба Кабирӣ суол пешниҳод намудаанд, ин ҳам бошад оид ба хиёнатҳои ё ба миллати тоҷик аст ва ё дар он нишаст умуман суоле набуд. Барои Кабирӣ гуфтани дурӯғ ва сохтани ҳилаву найранг чизе нест, зеро онҳо худ лухтакеро мемонанд, ки бо доираи хоҷагонашон мерақсанд...
Боқӣ посухи ин ҳама сохтакориҳои аъзои Ҳизби наҳзат, хусусан хоҷагонашро ҳаволаи зеҳни буррои мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ мекунам, аминам ки посухаш пеши ҳар яки мо равшан аст...
Раҳматуллоев Мақсудҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон