БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷои Кабирӣ ва роҳзанони ӯ паси панҷара аст

ВОКУНИШ. Тайи чанд вақт аст, ки саркардагони як гурӯҳи роҳзанон бо номи  “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хориҷи  кишвар даст ба нобакориву иғвоандозӣ зада, мехоҳанд вазъи ором ва осудаи кишвари маҳбубамонро ноором созанд. Охирин суҳбати рӯ ба рӯе, ки яке аз роҳбарашон,  яъне Муҳиддин Кабирӣ ба сомонаҳои интернетӣ пахш намудааст, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо  ба ғайр аз иғво ва фитна дигар ягон мақсадеро надоранд.

Аз баромади ин гуфтаҳои номардона, гӯё ӯ мусичаи бегуноҳест, ки ба ягон терроризму экстремизм дахолат надорад ва карданӣ ҳам нест? Магар ин ҳодисаҳое, ки тӯли чанд соли охир дар ҳудуди кишвар сар заданд мисол шуда наметавонанд? Дар куштори сайёҳони хориҷӣ номи Кабирӣ  баромад,  магар ин далел шуда наметавонад?  Ҳақ бар ҷониби он нафароне, ки гуфтаанд:

"Вақте, ки Муҳиддин Кабириро гӯш мекунӣ, хоби одам мегирад ва ягон харфи наве дар хотири бинанда ва шунаванда намемонад. Хуб нест, ки беҳтараш хомӯш бошад?"

Ҳамчунон:

Бемазҳабу беимон,

           Беномусу бевиҷдон.

           Ин Кабирии хоин,

           Бародар аст бо шайтон.

Илова менамоем, ки бетаҳаммулии ӯ, бо садои баланд ва бесаводона ҳарф задани ӯ буда, аз бемаърифатии ин нохалаф дарак медиҳад ва андеша дорем, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳатто аз наздикии кӯчаи дин ва диндорӣ нагузаштаанд. Пас бо кадом асос ҳамаи онҳо даъвои Ватану давлат доранд, кас намедонад? Барои ободии Ватан чӣ кор карданд? Ҳатто ба вазни як хас фоида наовардаанд.

Онҳо, ки сабабгорӣ асосии муноқишаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон буданд, умеди баргаштанро ҳатто андеша ҳам набояд кунанд. Чунки онҳо хоини Ватан буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Ҷои ӯ ва роҳзанонаш паси панҷара аст. Паси панҷарае, ки аз натанҳо ҳаво, балки хоки Ватан ҳам намудор набошад.

Рафтори маккоронаю иғвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ барои ӯ одат шудааст, вале чун ҳамешагӣ гуфтаҳояш мисли буғи об дар ҳаво нопадид хоҳад шуд. Инҳо- бародарони шайтон  мисли ҳамешагӣ исбот кардан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя карда намешавад. Мехоҳанд бо ин роҳ аъзои ҳизби наҳзатро, ки бархе аз онҳо барои кирдори террористиашон ва  қисме барои иғвогарию тафриқаангезӣ зиндонӣ шудаанд, озод намоянд. Худ фаромӯш кардаанд, вале таърих гувоҳ аст, ки ҳамон шабу рӯз дар минтақаҳои азхудкардаашон чӣ нобакориҳое намекарданд. Махсусан бо занону духтарони ҷавон, ки ҳатто ба балоғат нарасида буданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин рӯзҳо бекас мондааст ва танҳо бо ҳамон хамон се - чор нафари шармандаву рӯсиёҳе, ки номҳояшонро намехоҳем ба забон биёрем аз хориҷи кишвар даъвои Ватану ватандорӣ доранд. Аҷабо, худашон фаҳмидаанд, ки рӯзҳояшон башумор мондааст. Бояд ёдовар шуд, ки Кабирӣ дар  хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонаш дар хонаҳои боҳашамату серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба Ислом  ва дар роҳи ислом шиорпартоӣ  мекунад. Аммо аз гирдиҳамоие, ки  дар Олмон ба ҷалби чанд кӯдаки дунёбехабар  ва бо маблағи калон харидашуда ташкил карданд, афту башараи чанд наҳзатии дигари фиребхӯрда нишон дод, ки  онҳо аллакай  фиреби Кабириро ҳис кардаанд.

Кабирӣ бидон, ки Ватанро мо бе ту обод мегардонем. Озодиву соҳибистиқлолиашро нигоҳ медорем. Тоҷикистон вақтҳои охир мисли кабутари сафед дар осмонҳо парвоз мекунад. Бигзор ин парвозаш то дуро дурҳо бимонад, то душманонаш аз ҳасад бимиранд.

Раҷабов Савзалӣ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg