БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳ аст

ФАРХОР. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Варзишгар" мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, нахуст дар мавзӯъи "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ", суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки истеъдоду ҳунари волои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доштани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконот ба вуҷуд оварданд, ки дар Ватани азизамон – Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ ҳукмфармо гардид.

Дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамаддунсозии нав яъне, фарҳанги сулҳофарӣ, аз ҷумла ба ваҳдат овардан ва ба дониш фаро гирифтани миллат мебошад.

Дар охири маҷлис ба ҳамаи иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg