БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби пешбаранда ва неруи бузург дар ҷомеа!

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант  вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Сухроб Валиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Ватанзода Сайҷаъфар дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди  бедордил мебошад.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg