
ЁВОН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳнома” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок дошта, доир ба масъалаҳои дар болозикршуда андешаронӣ намуда, ҳамагонро ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи давлату миллат раҳнамоӣ намуданд