БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- роҳнамои корҳои ободониву созандагӣ

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»  хониши сиёсӣ  гузаронида шуда, дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Дар рафти хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  нуктаҳои  асосии  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   дар масоили соҳаи маориф суханронӣ намуданд.

Инчунин,  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон дар деҳаи Ватани ҷамоати деҳоти  Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бинои боғчаи бачагона, ки  солҳои дароз аз фаъолият боз монда буд,   аз моҳи январи соли ҷорӣ корҳои  барқароркунӣ  оғоз гардида, бинои мазкур то ҷашни Наврӯзи фархундапай  ба истифода дода мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg