А.ҶОМӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба ободониву созандагӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар боғи фарҳангии ноҳия ва кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак ба ҳашари умумӣ ноҳиявӣ баромада, баҳри ободии диёри худ камари ҳиммат бастанд.