БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ҲХДТ будан барои мову шумо мояи ифтихор аст

ХОВАЛИНГ. Дирӯз  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ- техникӣ” хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар назди аъзои ҲХДТ мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин Қаюмов баромад намуда,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ро ба аҳли нишаст ба таври муфассал фаҳмонид.

Дар хониши сиёсӣ ба дастуру ҳидоятҳои аз Паём бароянда оид ба рушди илму маориф, таълиму тарбияи ҷавонон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ -роҳҳои мубориза ба терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ,  нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, ба роҳмондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ таҷҷуҳи хоса  зоҳир карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии муассиса Файзулло Акбаров баромад намуда, қайд кард,  ки аъзои ҲХДТ, ҳизбе, ки ба он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ менамояд, будан барои мову шумо ифтихор аст.

 Дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  аъзои ҲХДТ тавонистанд қисмати девори берунии муассиса ва сифхонаи алоҳидаеро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ таъмири ҷорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg