ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Чордара» ва «Қиёмчашма»-и ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст.
Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ 25 адад дарахтони арча дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 шинонида шуд.