БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти беморону бечорагонро гирифтан аст!

ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар доираи татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Кангурт” вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи баргузор гардид.

Масъулин  дар рафти вохӯрӣ оид ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , дастуру суплоришҳои  аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон  санаи 07.02.2019 бароянда, сазовор истиқбол гирифтани   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуданд.

Вобаста  ба  татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ- малии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ  Салимзода Алихон  баргузор гардида,    иштирокдорон  дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ саҳм гузоштанд.

Дар охир  масъулин ба аёдати як нафар  шахси маъб  рафта, кӯмаки инсондӯстонаи хешро расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg