БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

КУШОНИЁН.Дар ноҳияи Кушониён ҳамарӯза сокинони  ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ ва  амалҳои некро анҷом медиҳанд.

Бо ин мақсад дар ҳудуди  ноҳия Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  бо маром идома дошта, махсусан рӯзҳои шанбе мардуми ватандӯсту меҳнатқарин ба ҳашари умумӣ баромада, дар тоза намудани  оромгоҳҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ,  тоза  намудани маҳали зист, кандани ҷӯю заҳбурҳо фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  доир гардида, иштироккунандагон дар шинонидани гулҳои ороишӣ ва нарм кардани бехи  дарахтон саҳми худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg