БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар рӯҳбаланданд!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Дӯстӣ»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Аксияи мазкур  бо ташаббуси  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дустӣ» Бозоров Зоиршо ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ  доир гардида, иштирокдорон зиёда 70 метр  ҷӯйбори обгузари деҳаро кандаву аз партовҳо  тоза намуданд. Сокинон иқдомҳои неку созандаи ҲХДТ-ро  давоми ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дониста, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ, ки ба ободу зебо шудани маҳали зисташон   мусоидат менамояд,  дар оянда низ ба роҳ  монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg