ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби ронандаги»-и ноҳия чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асалмамад Бекмамадов гуфт, ки таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғанигардонии сармояи инсонӣ имконияти ғанӣ дорад.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Мактаби ронандагӣ» дар доираи қисмати Аксияи тарғиботии – амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бехи дарахтон ва заминҳои назди идораро нарм ва пояи дарахтонро бо оҳак сафед намуданд.