БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сатҳи тафаккури сокинон аз муҳити солими идеологӣ вобаста аст

ФАРХОР. Дар ташкилотии бтидоии ҳизбии "Лоиҳакаш" хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер кушода, оид ба  дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикстон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 7-уми феврали соли 2019 дар Маҷлиси ҷамбастии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъулин дода буданд, ҷиҳати дар амал тадбиқи онҳо ибрози ақида намуд.

Сипас, дар масъалаи ташаккул додани мафккураи зиддикорупсионӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ  яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили  хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Бо дарки маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg