БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

ЛЕВАКАНТ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ҳадафҳои барномавию ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар ташкилоти ибтидоии «Роҳи оҳанчиён» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия  Фароғат Назарова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Суҳроб Валиев иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар дар назди ҳозирин баромад намуда, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода, ҳамчунин дар бораи дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҳадафҳои барномавии он суханронӣ намуд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ Сипосномаи ҳизбӣ ба роҳбари ташкилоти ибтидои ҳизбии «Роҳи оҳанчиён» Файзуллоев Маҳмадзоир  барои саҳми арзандааш дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ-ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ва бахшида ба Рӯзи ҷанговарони интернатсионалист сарфароз гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg