БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизб бо нерӯи бузургаш метавонад ҷомеаро ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ сафарбар намояд

ПАНҶ. Вобаста ба баррасӣ намудани муҳтавои карорҳои Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 7 феврали соли ҷорӣ, ки бо иштироки Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо ташаббуси  масъулонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии  деҳоти Нури Ваҳдат мулоқот доир гардид.

Иштирокдорон аъзоён ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии деҳоти Нури Ваҳдат  ва Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Ҳошимов Тоҳир- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ буданд.

Бо сухани ифтитоҳи  Файзиев Каримҷон чорабиниро оғоз намуда, оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  ибрози андеша намуд. Аз ҷумла гуфт, ки эълон гардидани соли 2019 –  ҳамчун Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ айни муддао буда, ҳизбиёнро вазифадор менамояд, ки дар татбиқи  вазифаҳои давлату Ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат долдани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми босазои худро гузоранд.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ баҳри татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд. Бо тоза кардани саҳни идора, сафед кардани деворҳои беруни бино,  шинондани дарахтон ва гулҳои ороишӣ, баровардани партовҳо дар  ободнии диёри худ саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg