НОРАК. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни гузаронидани хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва илмомӯзии ҷавонону наврасон, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботиӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, касбу ҳунаромӯзии аҳолӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, даствордҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат андешаронӣ намуда, иштирокдоронро ба хизмати содиқона ба халқу Ватанро ҳидоят кард.