БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону модарони тоҷик аз азал фарҳангдӯсту ҳунарманданд

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо занони фаъоли касбу кори гуногун вохӯрӣоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир намуданд. 

Зимнан масъулин   оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар амал татбиқ намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ намуда,  аз ҳар як зан-модари тоҷик барои анҷом додан рисолати модарии хеш,тарбияи дурусти фарзандон, риояи талабаоти қонунҳои миллӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ваҷалби ҷавонону наврасон ба  ҳунару ҳунармандӣ ҳидоят карданд.

Ҳамзамон, ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg