БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нуктаҳои паём миёни аҳли ҷомеа тарғиб мегарданд

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ-3” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот анҷом дода шуд.

Бобати расонидани нуктаву самтҳои асосӣ ва мақсаду муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, қайд кард, ки Паёмро ҳамчун дурнамои зиндагӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода бурда, баҳри шукуфоии меҳан, якпорчагӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.

Дар фарҷоми маҷлис иштирокчиён зимни баёни андешаҳои худ гуфтанд, ки Паёми Пешвои миллатро дастур ва қутбнамое дар роҳи созандагию бунёдкорӣ истифода хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg