![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190214_093124.jpg?itok=m2KPKXK4)
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлубот»-и вилоят бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Асадуллозода Ватан дар баромади худ оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян карданд.
Дар охир шахси масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикматлубот» ба сухан баромада, оид ба таъмини саривақтии захираи маҳсулоти истеҳсоли хоҷагии қишлоқро ба роҳ мондан андешаҳои хешро баён дошта, аз масъулин барои ташкили вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуд.