БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дастури амал аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Почта» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ Наҷидуллоев Тавакал оид ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.

Инчунин,  Раҷабализода Парвиз ба сухан баромада, оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  самтҳои фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ кард.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ «Почта» Собирзода Умеда оид ба  сари вақт таъмин намудани муассисаву корхонаҳои шаҳр бо рӯзномаву маҷаллаҳо ва иҷрои саривақтии  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуда, аз масъулин барои ташкили  хониши сиёсӣ, ки дар баланд гардидани  дониши  кормандони ташкилоти ибтидоӣ  мусоидат менамояд, изҳори қаноатмандӣ  кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg